Қатъи телефонҳо ва амалиёти густарда дар Рашт

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ имрӯз баъд аз зӯҳр хатти иртиботи телефонӣ бо водии Рашт қатъ шудааст. Хабаргузории Авасто навиштааст, ширкатҳои ироакунандаи хадамоти мобилӣ мегӯянд, ки бо амри ҳукумат иртиботи телефониро бо водии Рашт қатъ кардаанд. Далели чунин иқдом тавзеҳ дода намешавад. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои баъзе расонаҳо дар водии Рашт “амалиёти густардаи ҷӯстуҷӯи террористон ҷараён дорад. Нирӯҳои амниятӣ талош доранд аъзои гурӯҳҳои террористии таҳти раҳбарии фармондеҳои собиқи мухолифин Абдулло Раҳимов ва Алоуддин Давлатовро боздошт кунанд, ки дар куштори 25 нафар сарбозону афсарони артиши Тоҷикстон дар рӯзи 19 сентябри имсол дар дараи Камароб айбдор мешаванд.