Лоуренс Саммерс, мушовири калони иқтисодии раиси ҷумҳурии Амрико гуфт, ки ният дорад дар охири соли ҷорӣ мақоми худро тарк кунад. Зимни эълони тасмими худ рӯзи сешанбе Саммерс гуфт, ки ният дорад ба кори омӯзгориаш дар донишгоҳи Ҳарвард баргардад. Саммерсро яке аз муаллифони стратегияи иқтисодии Обама мегӯянд. Барак Обама бо изҳори сипос гуфт, ки Саммерс дар замони “хатарҳои азим ба кишвар” дар тими ӯ хизмат кардааст. Саммерс шӯрои миллии иқтисодии Обамаро раҳбарӣ мекард ва акнун нафари сеюми тими иқтисодии раисиҷумҳурӣ мешавад, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад. Гуфта мешавад, дар пешорӯии интихоботи қарибулвуқӯи Конгресс раъйдиҳандагон аз ҷараёнҳои барқарории иқтисодашон хеле норозӣ ҳастанд. Ҳарчанд пастравии нишондодҳои иқтисодӣ моҳи июни соли гузашта хотима ёфт, вале ҳамоно иқтисоди Амрико бо мизони баланди бекорӣ ва рушди заъиф рӯбарӯ аст.