Нирӯҳои байналмилалии кӯмаи амниятӣ ё ISAF мегӯянд, ки сарбозони онҳо дар шимоли Афғонистон як фармондеҳи баландпояи Толибонро боздошт кардаанд. Дар изҳороти ISAF гуфта мешавад, ки нафари боздоштшуда Мавлавӣ Равшан яке аз аъзои баландпояи Толибони Кундуз ва муовини раиси ҳукумати соягии ин вилоят мебошад. Онҳо мегӯянд, Равшан рӯзи сешанбе боздошт шуда ҳоло аз ҷониби мақомоти афғонӣ бозпурсӣ мешавад. Тибқи иттилои ISAF инчунин дар амалиёти ҷудогонаи онҳо дар Хосту Ҳилманд 16 шӯришии эҳтимолӣ кушта шуданд. Як сарбози нирӯҳои кӯмаки байналмилалӣ имрӯз дар ҷануби Афғонистон ба ҳалокат расид.