Барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт

Рӯзи 21 сентябр дар Тоҷикистон маъракаи саросарии барӯйхатгирии аҳолӣ оғоз ёфт. Ин нуфусшуморӣ то 30 сентябр идома карда, барои анҷомаш 6 миллион доллар ҷалб ва ҳудуди 30 000 муҳосиб басиҷ шудаанд. Нуфусшумории қаблӣ соли 2000 анҷом шуда, аҳолии Тоҷикистонро 6 миллиону 127 ҳазор нафар баршумурда буд, вале феълан ҷамъияти кишвар дар атрофи 7,5 миллион нафар рақам зада мешавад.