Ояндаи Молдоваро дар Аврупо мебинанд

Вазирони умури Аврупо аз Руминияву Бритониё ва Олмон гуфтаанд, ки ояндаи Молдоваро дар Аврупо мебинанд. Онҳо аз Русия хостаанд, то дар ҳалли низоъ бар сари вилояти ҷудоиталаби Трансднестр кӯмак расонад.
Вазири Руминия дар умури Аврупо Богдан Ауреску ва ҳамтоёни ӯ аз Бритониёву Олмон Девид Лидингтон ва Вернер Ҳойер дар пайи нишасти худ дар Бухарест ҳамчунин изҳори умед карданд, ки анҷумани САҲА дар моҳи декабр роҳи пешрафт дар масъалаи Трансднестрро боз хоҳад кард. Русия алорағми тааҳҳудоти қаблии худ нирӯҳои низомиашро аз ин минтақаи ҷудоихоҳи Молдова то ҳол берун накашидааст.