Сокинони ноҳияи Рашт мегӯянд, мақомоти маҳаллӣ ба онҳо дастур дордаанд, аз соати ҳашти шом то соати шаши субҳ дар ҷодаҳо гаштугузор накунанд. Гуфта мешавад, ин иқдом бо дастури ниҳодҳои қудратӣ ва ба манзури таъмини амнияти сокинон сурат мегирнад. Бино ба гузориши хабарнигори Озодӣ дар Рашт, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва нишасту масҷидҳо ба мардум аз ин иқдом огоҳ сохта мешаванд. Аммо дар ҳеҷ яке аз ниҳодҳои қудтарии Тоҷикистон хабари ҷорӣ шудани вазъи фавқулода ва қайди шабгардиро тайид накарданд. Тибқи қонугузории Тоҷикистон эълони вазъи изтирорӣ ва ҷорӣ кардани қайди шабгардӣ салоҳияти истисноии раиси ҷумҳур ва порлумон аст.