Шикояти мусофирони хатсайри Қӯрғонтеппа-Маскав

Ахиран 18 мусофири хатсайри Қӯрғонтеппа-Домодедовои Маскав ба додситонии нақлиётии вилояти Хатлон шикоят бурдаанд, ки кормандони мақомоти гумрук ва сарҳадбонӣ дар фурудгоҳ маблағ ва баъзе маҳсулоти бо худ доштаи онҳоро мусодира кардаанд. Додситонии нақлиётии вилояти Хатлон дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Саидқадам Зоиров, додситони нақлиётии вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, мусофирони норозӣ дар шикоятномаи худ таъкид кардаанд, ки муносибат ва пурсукови кормандони гумрук ва марзбонӣ дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа нисбат ба онҳо берун аз ҳадди мумкин ва беэҳтиромона будааст.

Пулситонӣ дар гумрук

Додситони нақлиётии минтақа, ки бо ҳар яке аз мусофирони даъвогар рӯ ба рӯ сӯҳбат кардааст, аз қавли онҳо мегӯяд, мақомоти гумрук ва марзбонӣ ҳангоми гузаштани «назоратҳои пешазпарвозӣ» ба зиёдаравӣ роҳ додаанд:

Саидқадам Зоиров, додситони нақлиётии вилояти Хатлон
«Дар шарҳи сабаби ҳамин гуна пулситониҳо, мақомоти зикршуда ҳар хел баҳона пеш овардаанд. Масалан, сарҳадбонҳо бо баҳона он ки мусофирон (аксарашон ҷавонон будаанд) гӯё ӯҳдадории ҳарбӣ надоранд, ё дар шиносномаашон ягон камбудӣ ҳаст. Нисбати масъулини мақомоти гумрук бошад, гумрукчиён баҳонаи ин ки гӯё баъзе аз борҳое, ки мусофирон бо худ бурданӣ буданд, манъ аст ва интиқоли онҳо манъ мебошад, мисол, нос, меваи хушк. Ҳарчанд ин баҳона аст, зеро қонунан манъ нест интиқоли ин молу маҳсулот…»


Дасти кутоҳи маъмурияти фурудгоҳ


Дар ҳамин ҳол, яке аз масъулони фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа зимни сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ иқрор кард, ки баъзан чунин эътирозҳои мусофирон аз муносибати ғайри қобили қабули кормандони гумрук ва сарҳадбонӣ то ба маъмурияти фурудгоҳ мерасанд, аммо маъмурияти фурудгоҳ дар амри ислоҳи ин вазъ дасти кӯтаҳ дорад. Вай, ки нахост номаш зикр шавад, афзуд, ҳоло ки аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ҳафтае танҳо ду дафъа парвоз ба самти Маскав анҷом мешавад, маъмурияти он алоқаманд нест, ки дар пайи чунин навъи муносибат ба мизоҷон шумораи бе ин ҳам ками мусофирон коҳиш биёбад:

«Мо намехоҳем, ки мусофирони мо мавриди тамаъҷӯӣ қарор бигиранд ва аз хизмати фурудгоҳи мо норозӣ боқӣ монанд. Зеро мо ба ҳар як мусофирамон эҳтиромро қоилем ва мехоҳем шумораи мизоҷонамон бештар шавад. Мо намехоҳем, ки ба воситаи муносибати бад ва тамаъҷӯиҳо мусофирон ба фурудгоҳҳои Душанбе ё Кӯлоб раванд. Бе ин ҳам шумораашон кам аст. Масалан, ҳамин ҳафта аз Маскав 142 мусофир тавассути ҳавопаймо ба фурудгоҳи мо омаданд ва аз ин ҷо танҳо 126 нафар парвоз карданд…»

Раддияи мақомоти гумрук

Ва аммо Олим Шарифов, сухангӯи раёсати минтақаии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, мегӯяд, таҳқиқи ибтидоии ин қазия рӯшан кардааст, ки кормандони мақомоти гумрук дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа дар кофтукову мусодираи пулу моли мусофирон даст надоранд:

«Як муддат мақомоти Русия воридоти меваи хушки Тоҷикистонро манъ карда буданд. Шояд ҳамин далел ҳам сабаби нофаҳмиҳо шуда бошад. Ин корро идораи карантини растанӣ бояд назорат кунад. Масалан, либоси кори гумрукчиён ва идораи карантини растанӣ ба ҳам монанд аст, гузашта аз ин дар фурудгоҳ ба камияш кормандони се ниҳод фаъолияти нозирӣ доранд. Аммо мардум сарфаҳм намераванд, ки бо корманди кадом ниҳод сӯҳбат мекунанд, ҳама гумрукчиёнро ном мебаранд. Аммо то ҳол рӯшан нашудааст, ки дақиқан кӣ масъулияти сар задани ҳамин қазияро ба ӯҳда дорад?»


Кундии таҳқиқи парванда

Дар ҳамин ҳол, додситонии нақлиётии вилояти Хатлон мегӯяд, таҳқиқи парвандаи мазкур ба сабаби ҳозир набудани даъвогарон дар маҳалли иқомат, ба кундӣ пеш меравад. Саидқадам Зоиров, додситони нақлиётии минтақа:

«Имрӯз мушкилоте, ки пеши тафтишотро гирифтааст, ин аст, ки ҳама 18 мусофири ҷабрдида азбаски он рӯз чиптаҳо доштанд, ба Маскав парвоз карданд. Пеш аз парвоз ба мо занг зада шикот карданд, мо дар фурудгоҳ аз онҳо баёнот гирифтем, шикояташонро сабт кардем ва парванда кушодем. Аммо барои анҷом додани як қатор ҳаракатҳои тафтишотӣ иштироки ҳамаи ин 18 нафар зарур аст. Аммо то ҳанӯз ҷабрдидаҳо, ки ҳамаашон сокинони вилояти Хатлон ҳастанд, ба ватан барнагаштаанд, то мо тафтишотро пеш барем…»

Додситони нақлиётии вилояти Хатлон меафзояд, парвандаҳои марбут ба тамаъҷӯӣ ва мусодираи ғайриқонунии молу пули мусофирон дар фурудгоҳҳои минтақа дар солҳои гузашта ҳам аз ҷониби додситонӣ таҳқиқ ва ба додгоҳҳо ирсол шудааст. Тафтиши парвандаи ахири марбут ба шикояти 18 мусофири хатсайри Қӯрғонтеппа-Маскав ҳам, ба гуфтаи додситон, то поёни соли ҷорӣ ба итмом хоҳад расид.