Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, ба хотири назорати натоиҷи интихоботи парлумонӣ дар кишвар аз ширкат дар нишасти Маҷмааи Кулли СММ худдорӣ кард. Ба ҳайати Афғонистон дар ин нишаст Залмай Расул, вазири умури хориҷии кишвар, раҳбарӣ хоҳад кард. Айни ҳол баршумурдани раъйҳо дар интихоботи парлумонии Афғонистон идома дорад. Стеффан де Мистура, раиси дафтари СММ дар Афғонистон гуфт, дар бораи комёб шудани интихобот ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст. Комиссиюни баррасии арзу шикоятҳо имрӯз эълом дошт, ки дар робита ба қонуншиканиҳо дар ин маъракаи сиёсӣ беш аз 700 шикоят гирифтааст. Нодир Нодирӣ, раиси Бунёди мустақили интихоботи озоду одилонаи Афғонистон, мегӯяд, ки аз тамоми гӯшаҳои кишвар дар бораи ба ҷойи чанд нафар раъй додани як кас, харидории овозҳои интихобкунандагон ва дигар қонуншиканиҳо иттилоъ мерасад.