Вазорати дифоъи Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ ҳалокати 23 сарбози артиш бар асари ҳамлаи як гурӯҳи силоҳбадаст дар ноҳияи Раштро тасдиқ кард. Бино бар маълумоти расмӣ, ҳамла соати дувоздаҳуними рӯзи 19 сентябр рух дода, дар он 10 сарбози дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар ҳамин ҳол, бархе хабаргузориҳо, аз ҷумла "Азия Плюс" ва РИА Новости, бо такя ба манобеъи худ дар сохторҳои интизомии Тоҷикистон шумори кушташудагон дар ҳамлаи Раштро то 40 нафар мегӯянд.
Вазорати дифоъ ин ҳамларо “амали террористӣ” ва “кирдори номардонаву нанговар" номида, маҳкум кард ва масъулияти онро бар дӯши гурӯҳҳои Абдуллоҳ Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдуллоҳ, ва Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, бор кардааст.
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, дар пайи ин ҳамла ба Рашт чархболҳои низомӣ ва нирӯи изофӣ эъзом шудааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафаре дар Ню-Йорк қарор дорад, ба пайвандони қурбониёни ҳамлаи Рашт изҳори ҳамдардӣ кардааст.