Милинкевич аз ширкат дар интихобот даст кашид

Раҳбари мухолифини Беларус Аляксандр Милинкевич гуфт, дар интихоботи моҳи декабри раёсати ин ҷумҳурӣ ширкат нахоҳад варзид. Раисиҷумҳури феълии Беларус Аляксандр Лукашенка ошкоро нишон медиҳад, ки дар интихоботи 19 декабр барои даври чоруми раёсат вориди сабқат хоҳад шуд. Лукашенка, ки аз соли 1994 ба ин сӯ раёсати Беларусро дар даст дорад, ахиран мухолифинро “душманони мардум” номид.
Милинкевчи гуфт, мухолифини Беларус чандпора шуда, ба интихоби як номзади умумӣ даст наёфтанд. Аммо ӯ гуфт, ки дар ин корзор аз номзадҳои рӯ ба Аврупо ҳимоят хоҳад кард.
Милинкевич дар интихоботи соли 2006 бо Лукашенка вориди рақобат шуда буд. Он маърака бо пирӯзии Лукашенка анҷом шуд, вале нозирони САҲА гуфтанд, ки интихоботи Беларус ҷавобгӯи меъёрҳои демократӣ набуд.