Гурӯҳҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ҳукми додгоҳи Қирғизистонро маҳкум карданд, ки дирӯз як фаъоли ҳуқуқи ӯзбактаборҳои ин кишваро барои эҳтимоли даст доштанаш дар куштори як ходими полис ва дигар ҷиноёт барои абад равонаи зиндон кард. Дар изҳороти созмони Афви байнулмилал (Amnesty International), воқеъ дар Лондон, иттиҳомоти зидди Азимҷон Аскаров сохта хонда шуда раҳоии билофосилаи ӯ тақозо мешавад. Созмони амрикоии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) гуфт, ки ҷараёни додгоҳ бо қонуншиканиҳо, аз ҷумла таҳдид ба амнияти ҷониби ҳимояткунанда баргузор шудааст. Ин созмон аз ҳукумати Қирғизистон талаб кардааст, ки базудӣ додгоҳи мунсифона ва шаффофи навро барои бозбинии ин ҳукм баргузор кунад. Аскаров ҳамроҳ бо ҳафт ӯзбактабори дигар дар куштори полис ва дигар мавридҳои хушунат айбдор мешавад, ки моҳи июни имсол дар миёни ӯзбакҳову қирғизҳои деҳаи Бозор-коргони Қирғизистон сар зад. Ҳама нафарони айбдоршуда худро бегуноҳ хондаанд. Дар миёни дигар иттиҳомот адовати қавмӣ ва ҳамчунин гаравгонгирӣ номбар мешавад. Афви байнулмилал мегӯяд, ки Аскаров пеш аз боздоштшавиаш дар миёнаҳои моҳи июн мавридҳои куштор, оташзанӣ ва ҳамла ба манзилҳои ӯзбактаборҳоро ба қайд гирифтааст.