Додситонии кулли Тоҷикистон як гурӯҳи вижаро барои таҳқиқи вазъи зиндонҳои вилояти Хатлон фиристодааст. Арзёбиҳои муқаддамотии ин гурӯҳ нишон додааст, ки мавзеъи ҷойгиршавӣ ва мизони посбонии аксари ҳабсхонаҳо дар ин минтақа ба талабот ҷавобгӯ нест.
Ҳабибулло Азимов, корманди масъули додситонии нозири иҷроиши қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Хатлон ва ҳамзамон узви гурӯҳи вижаи тафтишотӣ, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аз ин ба баъд тафтишуи муассисаҳои ислоҳӣ моҳе се маротиба сурат хоҳад гирифт.
Вай афзуд, ин тадбирҳо ба манзури ҷилавгирӣ аз эҳтимоли фирори маҳбусон ва таҳкими назорати зиндонҳо гирифта шудааст.
"СИМХОРҲО БОЯД БО ВОСИТАҲОИ МУСОИР ИВАЗ ШАВАНД"
Ба гуфтаи ҷаноби Азимов, ҳанӯз таҳқиқи вазъи муассисаҳои ислоҳӣ аз сӯйи гурӯҳи вижаи додситонии кулл ба итмом нарасидааст, аммо мушоҳидаҳо ин аст, ки мақомоти зидахл бояд барои ивази кардани симхорҳо ба воситаҳои муосири назоратӣ тадбир андешанд. Ҷаноби Азимов афзуд:
«Муассисаҳои ислоҳӣ, тибқи қонунҳо ва низомномаҳои амалкунанда, талаботҳои худашонро доранд, ки бояд дар гирду атрофи муассисаи ислоҳӣ дар масофаи муайян бояд ки ягон иншоот, бино, хона, ё дигар чизҳо сохта нашаванд. Қариб дар гирду атрофи ҳамаи муассисаҳои ислоҳие, ки дар қаламрави вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ ҳастанд, дида мешавад, ки дар наздикии муассисаи ислоҳӣ бинои дигар, ё ягон иншоот сохта шудааст, ё сохтмонаш феълан давом дорад. Мабодо, ки ҳангоми зарурат тир кушода шавад, корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронанд, ё маҳбусон фирор карданӣ шаванд, ин барои атрофиён хатарнок аст.»
Ӯ афзуд, аз эҳтимол дур нест, ки пажуҳишгарон пас аз анҷоми арзёбиҳо дар мавриди ба муҷозот кашидани афроди алоҳида ва мансабдороне, ки қонунҳои ҷориро риоят накардаанд ва раисони шаҳру навоҳие, ки дар мавзеъҳои наздик ба зиндонҳо ба сохтмони иншоот иҷозат додаанд, масъалагузорӣ кунанд.
ЗИНДОН ДАР МАРКАЗИ ШАҲР
Муассисаи ислоҳии шаҳри Қӯрғонтеппа, воқеъ дар маркази шаҳр, аз ҷумлаи зиндонҳоест, ки атрофи онро биноҳои маскунӣ, қисми ҳарбии мутааллиқ ба пойгоҳи 201-уми Русия, сохтмони додситонӣ ва додгоҳи низомӣ, тарабхона ва роҳи мошингузар иҳота кардаанд. Додситонӣ мегӯяд, мавзеъи ҷойгиршавии зиндони мазкур ба талаботи бехатарӣ мувофиқ нест:
«Гирду атрофи муассисаи ислоҳии Қӯрғонтеппаро худатон медонед, ки пур аст. Ҳар як низомнома, қонун бояд ба пуррагӣ иҷро карда шавад. Фарз кардем, баландии деворҳо бояд то чанд метр бошад, симхор дар масоҳати чанд метр бошад, воситаҳои назорати техникӣ, сигнализатсияҳо бояд пурра ва ҳамеша коршоям бошанд. Сари ҳар вақт бояд аз назорату санҷиш гузаронида шаванд, мунтазам таъмир ва ба ҳолати корӣ дароварда шаванд. Албатта, барои ин ҳама маблағ ҷудо шуданаш даркор аз боло, аз ҷумҳурӣ сар мешавад...»
Аммо раҳбарияти муассисаи ислоҳии Қӯрғонтеппа аз шарҳи арзёбии додситонӣ худдорӣ карданд. Ба гуфтаи масъулони ин маҳбасхона, дар ин авохир контроли зиндонҳо пурзӯр шуда, ҳеҷ мақоме бидуни иҷозаи хаттии вазорати адлия ҳуқуқи сӯҳбат бо расонаҳои хабариро надоранд.
ТАҚВИЯТИ НАЗОРАТИ ҲАБСХОНАҲО
Феълан дар қаламрави вилояти Хатлон панҷ муассисаи ислоҳӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак (зиндони занона), Ёвон ва ноҳияи Ҷилликӯл арзи ҳастӣ карда, дар он беш аз 1200 маҳбус нигаҳдорӣ мешаванд.
Мақомот мегӯянд, баъд аз ҳодисаи фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ назорату посбонии тамоми зиндонҳо дар қаламрави вилояти Хатлон пурзӯр карда шудааст. Ба унвони далели назорати шадиди зиндонҳои Хатлон мақомот мегӯянд, дар чаҳор соли ахир танҳо як мавриди фирори маҳбус аз зиндони шаҳри Ёвон сабт шудааст ва амалиёти боздошти ӯ ҳам бомуваффақият анҷом ёфтааст.
Ҳамин гуна, аз шӯриши як гурӯҳи 20-нафараи маҳбусони муассисаи ислоҳии шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли 2006-ум ҳам мисол оварда мешавад, ки ба гуфтаи мақомот, бо вуҷуди талошҳои ноором сохтани вазъ ва зӯран раҳоӣ ёфтан аз маҳбас, маҳбусони балвогар ноком гардида, ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Аммо хонуме, ки худро Нилуфар ном бурда, сокини ноҳияи Бохтар асту ҳоло яке аз бародаронаш дар боздоштгоҳи муваққатии Қӯрғонтеппа нигоҳдорӣ мешавад, мегӯяд, низоми посбониву назорат дар ин муассиса чандон шадид нест. Зеро, ба гуфтаи ӯ, пайвандонаш ҳамарӯза имкон доранд бо бародари боздоштшудааш тавассути телефони ҳамроҳ гуфтугӯ кунанд, амале, ки анҷомаш дар пушти панҷараи маҳбас мамнӯъ аст.
Дар ҳамин ҳол, Ҳабибулло Азимов, корманди масъули додситонии нозири иҷроиши қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Хатлон, мегӯяд, азбаски бахши аъзами зиндонҳои ин минтақа дар солҳои 30 то 40-уми асри гузашта бунёд шудаанд, мавзеъи ҷойгиршавӣ ва мизони назорату посбонии ин муассисаҳои ислоҳӣ ба талаботи байналмилалӣ чандон ҷавобгӯ нест.