Нерӯҳои Русия ҳашт ҷудоихоҳи ифротиро куштаанд

Бино ба гузоришҳо, маъмурони амниятӣ ва нерӯҳои махсуси Русия, ҳашт ҷудоихоҳи чеченро зимни амалиёти зиддитерористӣ дар Ҷумҳурии Доғистон куштаанд. Хабаргузории ”Интерфакс” мегӯяд, дар миёни ҳалокшудагон як зан низ будааст. Зоҳиран сокинони маҳаллӣ доир ба ҳузури ин ифротгароёни исломӣ ба маъмурони ЭФ ЭС БЕ хабар додаанд.