Дар вилояти Лугар, воқеъ дар шарқи Афғонистон, бар асари задухӯрд бо нерӯҳои амниятӣ ду тан аз эътирозгарон ба ҳалокат расиданд.
Имрӯз тақрибан 500 сокини ноҳияи Бараки барак алайҳи тасмими рӯҳонии амрикоӣ Терри Ҷонс барои ба оташ афкандани Қуръони маҷид тазоҳурот карданд, ҳарчанд Ҷонс аз ин пеш эълом дошт, ки аз тасмими қаблияш даст бардоштааст.
Тазоҳургарон сӯи кормандони полис санг меандохтанд ва шиорҳои зиддиамрикоиву зиддиҳукуматиро такрор мекарданд. Дар вокуниш ба ин кормандони полис оташ кушоданд, ки бар асари он ҳафт нафар маҷрӯҳ шуданд. Ду нафар бар асари ҷароҳатҳои сангин дар бемористон аз олам даргузаштанд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи бархе хабаргузориҳо, рӯзи 11 сентябр ду рӯҳонии амрикоӣ аз аёлати Теннесӣ нусхаҳои китоби муқаддаси мусалмонҳоро дар ҳавлиҳои худ оташ заданд.