Бар асари бенизомиҳо дар шаҳри Косовска-Митровитсаи Косово ду низомии НАТО ҷароҳати сабук бардоштанд. Ҳамчунин як корманди полиси Фаронса аз ҳайати полиси байнулмилалӣ дар ин шаҳр маҷрӯҳ шуд. Низомиёни НАТО ва кормандони полиси байнулмилалӣ талош карданд, ки ба бархӯрди албаниҳо ва сербҳои маҳаллӣ дар Косовска-Митровитса хотима гузоранд.
Хабаргузории Associated Press бо такя ба полиси маҳаллӣ иттилоъ дод, ки баъд аз пирӯзии дастаи баскетболи Туркия аз болои дастаи Сербия дар чемпионати ҷаҳон албаниҳо ба хиёбонҳо рехта, ин пирӯзиро таҷлил намуданд. Баъд аз чанд муддат онҳо ва сербҳои маҳаллӣ сӯи ҳамдигар сангпартоӣ карданд. Гуфта мешавад, дар ин шаҳр, ки ба қисматҳои албанӣ ва сербӣ тақсим шудааст, тирпаронӣ ба гӯш расид. Кормандони полис ҷароҳат бардоштани як сербро тасдиқ карданд.