Террӣ Ҷонс ба мулоқоти имоми Ню-Йорк меравад

Террӣ Ҷонс, роҳиби калисои кӯчаки Dove World дар аёлати Флоридаи Амрико гуфт, барои мулоқот бо имом Файсал Абдулрауф, мубтакири бунёди маркази исломӣ дар наздикии Маркази ҷаҳонии тиҷорат, як ҳадафи ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ба Ню-Йорк меравад: “Ҳоло мо барнома дорем, ки бо имом рӯзи шанбе мулоқот кунем. Агар бо ӯ мулоқот кунем, китобҳои “Қуръон”-ро оташ нахоҳем зад."
Террӣ Ҷонс рӯзи панҷшанбе ибтидо гуфт, ки Файсал Абдулрауф ҷиҳати ба ҷои дигар кӯчонидани ин маркази исломӣ тааҳҳуд кардааст ва ӯ аз қасди худ ба сӯзондани китоби муқаддаси мусалмонон дар солгарди ҳамлаҳои 11 сентябр даст мекашад. Вале баъди онки Абдулрауф вуҷуди чунин муомилаеро радд кард, Ҷонс изҳор дошт, ки тасмимаш барои баргузории “Рӯзи байналмилалии оташ задани “Қуръон”-ро танҳо мутаваққиф карда, аммо лағв накардааст.
Рӯзи ҷумъа дар саросари Афғонистон ба нишони эътироз ба қасди сӯзондани “Қуръон” аз сӯи ин калисои амрикоӣ раҳпаймоиҳо барпо шуданд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, дар Файзобод, маркази вилояти Бадахшон 3 тан аз эътирозгароне, ки алайҳи пойгоҳи НАТО сангандозӣ мекарданд, аз тири муҳофизон ҷароҳат бардоштанд.