Рӯзи ҷумъа тазоҳургарон дар шимолушарқи Афғонистон ба нишони эътироз ба қасди сӯзондани “Қуръон” аз сӯи як калисои амрикоӣ алайҳи як пойгоҳи НАТО сангандозӣ кардаанд. Мақомот мегӯянд, издиҳоми иборат аз чанд ҳазор нафар баъд аз адои намози иди Фитр ба кӯчаҳои Файзобод, маркази вилояти Бадахшон рехт. Қасди як калисои хурд дар Флорида ба сӯзондани “Қуръон” мавҷи маҳкумиятҳои байналмилалиро ба бор овард. Террӣ Ҷонс, роҳиби калисои Dove World гуфт, ки нақшаи сӯзондани китобҳои “Қуръон” дар солгарди ҳамлаҳои 11 сентябрро танҳо мутаваққиф карда, аммо лағв накардааст.