Баёнияҳои зиддунақизи Ҷонс дар мавриди "Қуръон"-сӯзӣ

Террӣ Ҷонс, роҳиби як калисои хурд дар аёлати Флоридаи Амрико гуфт, ки ӯ нақшаи сӯзондани китобҳои “Қуръон” дар солгарди ҳамлаҳои 11 сентябрро танҳо мутаваққиф карда, аммо ин тасмим ҳанӯз лағв нашудааст. Раҳбари калисои пентекосталии Dove World Outreach Center Pentecostal рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки маъракаи “Қуръон”-сӯзиро лағв кардааст, чунки раҳбари тарҳи баҳсбарангези бунёди маркази исломӣ дар наздикии маҳалли Маркази Ҷаҳонии тиҷорат, ки дар 11 сентябри соли 2001 ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ҷиҳати ба як макони дигари кӯчондани ин сохтмон тааҳҳуд кардааст. Аммо имоми масъули тарҳи бунёди ин тарҳ дар Ню-Йорк гуфт, ки кадом муомилае дар заминаи ба ҷои дигар кӯчондани ин маркази исломӣ сурат нагирифтааст. Ба дунбол, Ҷонс гуфт, ки акнун дигарбора фикр дорад, ки “Рӯзи байналалмилалии оташ задани “Қуръон”-ро амалӣ кунад ё хайр.