Роҳиби калисои насронии аёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки нақшаи сӯзонидани китоби муқаддаси мусулмонон, Қуръонро дар рӯзи шанбе, дар солгарди ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001, лағв кардааст. Ин нақшаи роҳиб Террӣ Ҷонс, аз тарафи Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама ва сарварони сиёсию мазҳабӣ аз саросари ҷаҳон интиқод шуд. Ҷонс рӯзи панҷшанбе гуфт, вай дар ивази ризоияти раҳбари нақшаи бунёди масҷид дар минтақаи Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат ба лағви тарҳаш аз нақшаи сӯзондани Қуръон даст кашид.
"Имом розӣ шуд, масҷидашро ба ҷои дигар барад. Мо ҳам нақшаи худро лағв кардем. Ва рӯзи шанбе ман ба Ню Йорк парвоз мекунам, то бо имом мулоқот намоям."
Аммо имоми Ню Йорк, Файсал Абдулрауф, ҳама гуна муомиларо бо Ҷонс рад мекунад. Ҳанӯз соатҳое пеш аз лағви нақшаи сӯзондани Қуръон сафирони кишварҳои Созмони Конфаронси Исломӣ дар Созмони Милал дар изҳороте ин тарҳро маҳкум карданд. Тоҷикистон, раиси давраии Созмони Конфаронси Исломӣ, ташаббускори ин изҳороти дастаҷамъона буд.