BP ду ширкати дигарро низ масъули фоҷиа дар чоҳи нафт медонад

Ширкати нафти "BP" мегӯяд, он дастикам қисман масъули як силсила иштибоҳҳои инсонӣ ва фаннист, ки ба берунрехти азими нафт дар Халиҷи Мексик, яке аз бузургтарин фоҷиаҳои зистмуҳитии таърихи Амрико сабаб гаштааст. Аммо бо вуҷуди тан додан ба бархе аз иштибоҳҳояш, раҳбарияти "BP" меафзояд, ширкатҳои дигар низ, ба монанди Трансошн, молики лӯла ва таҷҳизоте, ки мунфаҷир шуд ва Ҳаллибуртон, ки интиқоли сементро ба чоҳ анҷом медод, низ гунаҳкоранд. Ҳарду ширкат иттиҳомотро рад карданд ва мегӯянд, пажӯҳише, ки "BP" доир кардааст, мақсад дорад, масъулияти онро дар фалокат коҳиш диҳад. Воқеаро ниҳодҳои давлати Амрико низ таҳқиқ мекунанд ва натиҷаи кори онҳо ҳанӯз нашр нашудааст.