Идомаи ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ дар чанд мавзеи Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар шарқи кишвар амалиёти ҷустуҷӯ ва боздошти зиндониёне, ки аз маҳбаси Кумитаи амнияти миллӣ фирор карданд, идома дорад. Ин манбаъ ҳамчунин тасдиқ кард, ки дар ҷараёни амалиёт як афсари хурди Горди миллии Тоҷикистон кушта шудааст. Сухангӯи вазорат Муҳаммадулло Асадуллоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт амалиёт дар навоҳии Файзобод ва Ваҳдат ва ҳамчунин дараи Ромит ҷараён дорад. Аммо бино ба бархе аз манобеи ғайрирасмӣ дар бархе аз манотиқи дигар, аз ҷумла шимоли кишвар низ нерӯҳои интизомӣ ба ҳолати омодабош даромада, дар бархе аз маҳалҳо ҳаракат дар роҳҳо манъ ва амалиёти ҷустуҷӯ роҳандозӣ шудааст. Ёдовар мешавем, шаби 23 августи соли равон 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фирор карда, то ҳоло танҳо ду нафар аз онҳо боздошт шудаанд.