Раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Ҷеффрӣ Гедмин, дар сафаре ба Қирғизистон бо раисиҷумҳури ин кишвар, Роза Отунбоева, номзадҳои интихоботи порлумонӣ, журналистон ва донишҷӯён мулоқот ва аз шаҳрҳои Ушу Ҷалолобод, саҳнаи хушунатҳои байниқавмии моҳи июни ин кишвар дидан кард. Вай гуфт, сулҳ дар ҷануби Қирғизистон шикананда аст ва дар ҳоле ки то интихоботи порлумонӣ фақат як моҳ вақт мондааст, ташаннуҷи байниқавмӣ ҳалли худро наёфтааст. Президенти Қирғизистон, Роза Отунбоева, дар дидор бо Гедмин аз нақши Раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ ҳамчун як манбаи пешсафи иттилои дурусту мӯътамад ва минбари дидгоҳҳои мухталифу баҳси ошкорои сиёсӣ ситоиш кард