Манъи сӯҳбатҳои телефонии маҳбусони сиёсии Эвин

Тақрибан 200 маҳбуси сиёсии зиндони Эвинро дар пайи эълони гуруснанишинии як гурӯҳи онҳо аз ҳаққи сӯҳбатҳои телефонӣ маҳрум кардаанд. Аксари ин маҳбусини сиёсӣ хабарнигорону фаъолони донишҷӯиву ҷамъиятие мебошанд, ки соли гузашта дар ҷараёни ошӯбҳои пасоинтихоботии Эрон дастгир шудаанд. 17 тан аз ин зиндониён дар поёни моҳи июл ба нишони эътироз ба бадрафтории зиндонбонон ва поймол шудани ҳуқуқи худ эълони гуруснанишинӣ карданд.
Ҳарчанд ин эътирози онҳо ба поён расид, вале маъмурони зиндон, ба гуфтаи модари яке аз маҳбусон, то ҳол ба онҳо иҷозаи сӯҳбатҳои телефониро намедиҳанд. Парвин Мухторӣ, модари хабарнигор Кӯҳёр Гударзӣ гуфт, аҳли хонаводаи зиндониёни сиёсӣ наметавонанд ҳатто аз аҳволи он маҳбусоне, ки гуруснаншинӣ накарда буданд, хабар биёбанд.