Обхезии моҳи август, қисме аз заминҳои кишти сокинони деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнонро хароб кард. Соҳибони ин заминҳо дар дигар шудани маҷрои дарё ҳамсоягони афғонашонро муттаҳам мекунанд,
Аммо сокинони марзии Афғонистон ҳам бунёди дарғот ва иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкуниро дар тарафи Бадахшони Тоҷикистон таҳдид ба эҳтимолияти тахрибшавии заминҳои кишт ва манзилҳояшон медонанд.
Корҳои бозсозӣ боиси изтироб ҳам мешавад
Ба гуфтаи котиби аввали намояндагии Афғонистон дар Хоруғ Нисор Аҳмадӣ, ҳодисаҳое ҳам ҷой доштанд, ки дар гузашта ҳангоми бунёди дарғот, сокинони ба изтиробомадаи деҳоти марзии Афғонистон мутаввақиф гардидани кори дарғотсозиро талаб карданд ва бо файри тир ба ҳаво норизоияти худро изҳор карданд.
Ба гуфтаи сардори идораи хоҷагии оби вилояти Мухтори Бадахшон Баҳодур Сулаймонов, ҷилавгирӣ аз хисороти дарғотсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ ба заминҳои кишти ҳар ду тарафи соҳил, зарурати таъсиси комиссиюни муштараки байниҳукумати- иборат аз намояндагони мақомоти вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистонро ба миён овард.
Вай баён дошт, ки дар дар тӯли ду соли охир, ба хотири ҳифозати заминҳои кишт дар чаҳор маҳалли фарози рӯди Панҷ, иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ арзи вуҷуд карданд, аммо дар мувофиқа бо комиссия тавре сохта шуданд, ки ба ҷониби дигар зарар намерасонанд.
Вай афзуд, ки дар давоми ду сол, барои безараргардонии заминҳои ҳосилхез, 200 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шудааст, аммо ин маблағ хеле кам буда, дар худи як ноҳияи Ишкошим бунёди қариб 15 иншооти ҳифозати зарур мебошад.
Аммо котиби намояндагии Афғонистон дар Хоруғ Нисор Аҳмадӣ гуфт, ки дар тӯли солҳо, дарё дар роҳи ҳаракат ба ину он тараф ҷазирачаҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки вобастагиаш ҳанӯз мушаххас нашудааст ва онҳо хостори муайян кардани хати сифрии марз ва идомаи дарғотсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ бо имконот ва нафъи баробар барои ҳар ду тараф мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, Бастиан Де Вен- обшиноси Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи куҳистонӣ дар Бунёди Оғохон бар ин ақида аст, ки созмонҳои байналмилалӣ, ки дар ду тарафи соҳил фаъолият мекунанд, бо мушорикати фаъоли сокинон метавонанд, барои ҳалли мушкилот ба нафъи ҳар ду тараф саҳмгузор бошанд.
Ба гуфтаи Бастиан, бо истифода аз аксҳои кайҳонӣ вай ба натиҷае расидааст, ки барои кам кардани оқибатҳои хисороти оби дарё дар ҳар ду тарафи деҳоти марзӣ, бунёди камаш 50 иншооти безараргардони лозим аст, ки хароҷоти 7 то 8 миллион долларро талаб мекунад.
Об манбаъи ҳамкорӣ на ихтилоф
Ба гуфтаи ин мутахассиси ҳуландӣ, бунёди яктарафаи дарғотҳо дар ҳудуди Тоҷикистон дар даврони шӯрави ва айни ҳол идомаи сохтмони дарғотҳо дар тарафи Афғонситон барои сокинони ҳар ду тараф мушкилот эҷод мекунад.
Вай гуфт, ки иншооти муҳофизатӣ ба мақсади кам кардани оқибатҳои обхезӣ дар соҳилҳои дарё бояд тавре сохта шаванд, ки дар роҳи ҳаракати табии дарё монеъа эҷод накунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулини идораи хоҷагии оби Бадахшон, бо вусъат ёфтани корҳои роҳсозӣ дар тарафи деҳоти марзии Афғонистон ва тарконидани кӯҳ, айни ҳол ҳамсояҳо имконияти бештари таҳкими соҳили дарёро пайдо кардаанд.
Аммо об ҳар чӣ бештар на фақат ба манбаъи ихтилоф, балки ҳамкории марзӣ табдил меёбад. Дар ноҳияи Дарвоз бо мусоидати созмонҳои байналмиллалӣ иҷрои лоиҳае руи даст гирифта шудааст, ки ҳадафи он шодоб гардондани замини кишти як маҳалли ноҳия бо оби тарафаи Афғонистон арзёбӣ мешавад.
Об тавассути лӯлаи плостикӣ аз болои рӯди Панҷ интиқол мешавад ва ба иттилоъи комиссиюни муштарак зиёда аз 27 деҳоти марзии рӯбарӯи ҳамдигар метавонанд аз чунин манобеъи обӣ ба манфиати ҳамдигар истифода кунанд.