Мақомоти фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе гуфтаанд, ниҳодҳои амниятии кишвар аз парвози 30 донишҷӯ, ки барои таҳсил ба Эрон равон будаанд, пешгирӣ кардаанд. Дар ҳоле ки гуфта мешавад, ин донишомӯзон бо сабаби набуди созиши пешакӣ бо Вазорати маорифи Тоҷикистон аз ҳавопаймо поин карда шудаанд, сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, дар бораи сафари донишҷӯён бо вазорати мазкур тавофуқ ҳосил гашта буд. Манъи донишҷӯён аз сафари Эрон дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Тоҷикистон мухолифаташро ба таҳсили ҷавонони тоҷик дар мадориси динии кишварҳои хориҷӣ баён дошта, аз волидон хоста буд, фарзандони худро аз кишварҳои хориҷӣ ба ватан бозгардонанд, зеро онҳо бо таълими тундгароӣ ва террористӣ хоҳанд баргашт.