Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон имрӯз хабарҳо дар бораи иҳота шудани манзили раҳбари мухолифин Маҳдии Каррубӣ тавассути нирӯҳои Сипоҳ ва шибҳанизомиёни Басиҷ дар ин рӯзҳои охирро радд кард. Баёнияи Сипоҳ мегӯяд, манзили Каррубӣ дар ҳафтаи гузашта аз ҷониби афроди худсаре, ки рабте бо Сипоҳ ё Басиҷ надоштанд, ҳамла шудааст.
Ҳамлагарон тир андохтаву ба дохили манзил маводи сабуки мунфаҷираи мавсум ба “коктейли Молотов” партоб кардаанд, ки сармуҳофизи Каррубиро захмӣ мекунад.
“Саҳомнюс”, сомонаи Маҳдии Каррубӣ гуфта буд, ки беш аз 50 узви Басиҷ, нирӯҳои ихтиёрии содиқ ба раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, ва гурӯҳи мусаллаҳон манзили ин раҳбари мухолифинро иҳота гирифт, болояш ҳамлаҳо кардаанд.