То ҳол ҳалокати 3 сарбоз дар Доғистон таъйид шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамлаи бомбгузори маргталаб ба пойгоҳи низомии артиши Русия дар наздикии шаҳри Буйноқск, тақрибан 50-километрии пойтахти Доғистон – Махачқалъа мунҷар ба ҳалокати дастикам 3 сарбоз ва ҷароҳат бардоштани 33 тани дигар шуд. Алексей Кузнетсов, сухангӯи вазорати дифоъи Русия гуфт, ҳамла соати яки шаб рух дод: “Бар асари ин амали террористӣ 3 низомӣ кушта шуда, 33 сарбоз ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд.”
Сухангӯи вазорати дохилаи Доғистон Вячеслав Ҳасанов гуфт, сарбозон алайҳи ҳамлагар тир андохтаанд, вале ӯ мошини бомбгузоришударо болои онҳо рондааст. Дар натиҷа мошини ҳамлагар ба як мошини низомӣ бархӯрда, мунфаҷир шудааст.