Рӯзи 4 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил шуд. Бино бар гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, ба ин муносибат дар Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ як намоишгоҳи вижа барпо карданд, ки дар он ҳудуди 500 намуна аз хазинаи тиллоии ин китобхона ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар китобхонаи кӯдакон ба номи Миршакар низ дар Рӯзи китоб расми муаррифии китобҳои нав ва мулоқот бо адибони тоҷик баргузор шудааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як сол пеш 4 сентябрро Рӯзи китоб эълон кард.