Як шери баҳрӣ дар намоише дар аквариуми боғи вуҳуши Сидней, дар Австралия ба кӯдаки 11-солае бо номи Ҷак ҳамла овардааст. Ин кӯдакро рӯзи ҷумъа ҳангоми намоиш худи ходимони боғи вуҳуши Таронга ба назди як шери баҳрии модинаи ҳаштсола даъват кардаанд. мекунанд. Ҳангоми ғизо додан ба шери баҳрӣ, Ҷак иштибоҳе кард, ки қаҳри шерро овард ва ӯро аз ноҳияи шикамаш зарба зад. Баъд аз анҷоми ҷарроҳӣ вазъи сиҳҳати Ҷак мӯътадил арзёбӣ мешавад.