Бар асоси назарсанҷии сардабирони 33 нашрияи чопи Тоҷикистон, ки созмони “Медиа Консалтинг” анҷом додааст, 38 дарсад низоми заифи тавзеъи нашрияҳоро мониаи аслӣ дар роҳи афзоиши теъдоди нашри онҳо номида ва 82 дарсад низоми тавзеъи нашрияҳоро заиф ва бузургтарин садд дар роҳи рушди матбуоти тоҷик ба қалам додааст. 94 дарсади пурсидашудагон хостори таъсиси як шабакаи ҷадиди тавзеъи нашрияҳо шуда, 88 дарсади сардабирон гуфтаанд, ки нашрияҳо омодаанд, ташкили чунин шабакаро таъмини молӣ кунанд. Нашрияҳои Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир асосан тавассути фурӯшандагони алоҳида ба дасти хонандагон расонида мешаванд.