"Ташриф"-и кормандони милиса ба "The New Times"

Кормандони Раёсати умури дохилии шаҳри Маскав дар идораи маҷаллаи "The New Times" маводи марбут ба матлаберо бо номи “Ғуломони ОМОН" мусодира карданд. Муфаттишон ба хабарнигорон таҳдиди ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ намуданд ва матни мусоҳибаҳо бо кормандони ОМОН-ро бо худ бурданд. Мақолаи “Ғуломони ОМОН" дар бораи қонуншиканиҳо дар Раёсати умури дохилаи Маскав қисса мекунад.
Вакилони дифоъи маҷаллаи "The New Times" изҳор намуданд, ки ҳангоми мусодираи мавод қонуншиканиҳои зиёд содир шудааст. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, кормандони маҷалла дар робита ба ин амали кормандони милиса ба масъули ҳуқуқи башари Русия Владимир Лукин шикоят бурданд.