Анҷоми амалиёти кӯмак

Амалиёти якҷояи вазорати дифоъ, кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мақомоти Бадахшон ба манзури расондани кӯмаки оҷил ба сокинони деҳоти дурдасти маҳалли Бартанги ноҳияи Рушон фардо аҷом мепазирад.
Ба гуфтаи сардори ситоди ҳолатҳои изтирории Бадахшон Дустӣ Худоёров бар асари сел ва тахрибшавии пулҳои мошингард дар ҷамоатҳои деҳоти Савноб ва Басид зиёда аз 4300 нафар сокинон дар муҳосираи иқтисодӣ қарор гирифта буданд. Вай гуфт, ки мақсади интиқоли маводи озуқа ба маҳал ҳукумати ҷумҳурӣ як чархбол ҷудо кард.

Гулзор Мамадризобекова, намояндаи барномаи озуқаи СММ дар Хоруғ иттилоъ дод, ки бо ин чархбол кӯмаки барнома иборат аз 12 тонна орд, 452 килограмм равған, 151 килограмм намак ва 2 тонна нахуд ба сокинон расонда шуд.

Барнома ҷаҳонии озуқа ҳамчунин барои 15 мактаби деҳот ба миқдори 3 тоннаву 246 килограмм маводи ғизоӣ фиристонда, дар ихтиёри ҳар яке аз макотиб яктои дег барои пухту паз қарор додааст.

Сардори ситоди ҳолатҳои изтирорӣ гуфт, ки руасои ҷамоатҳои деҳоти Савноб ва Басид бо маблағи сокинони он ҷо дар бозори Хоруғ асбобу анҷоми хониш харид намуда, тавассути чархбол интиқол доданд ва камбуди асбобу афзори таълим дар макотиб бартараф гардидааст.

Ба иттилоъи Дустӣ Худоёров амалиёт чаҳор руз идома дошт ва субҳи 3-юми сентябр охирин марҳилаи кӯмаки ғазоӣ тавассути чархбол ба сокинон расонда мешавад. Дар маҷмӯъ дар доираи амалиёт 12 парвози чархбол аз Хоруғ ба деҳоти дар пояи кули Сарез ҷой гирифта, анҷом мешавад.

Ба иттилоъи масъулини ситод интизор меравад, ки пулҳои тахрибшуда, то охири моҳи сентябр барқарор мешаванд.