Сафари Аҳмадинажод ба Қатар

Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи якшанбе бо як сафари кӯтоҳ аз Қатар дидан хоҳад кард. Дар ин бора сафири Ҷумҳурии исломӣ дар Доҳа, Абдуллоҳ Шайх иттилоъ дода, гуфтааст, Аҳмадинажод бо амири Қатар, Шайх Ҳамад бин Халифа дар масъалаҳои марбут ба Ховари Миёна ва кӯмакҳои башардӯстона ба Покистон гуфтушунид хоҳад кард. Қатар аз наздиктарин ҳампаймонҳои Эрон дар байни кишварҳои Халиҷи Форс аст.