Имрӯз бори аввал дар Русия Рӯзи хатми ҷанги дуввуми ҷаҳон таҷлил мешавад. Ин санаи таърихӣ соли равон ба “Қонун дар бораи рӯзҳои шарафи ҳарбӣ ва санаҳои ёдгории Русия” ворид шуд. 2 сентябри соли 1945 санади таслими Ҷопон имзо шуд ва ин охирин рӯйдоди ҷанги дуввуми ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Ҷанги дуввуми ҷаҳон 1 сентябри соли 1939 баъди ҳамлаи Олмон ба Лаҳистон шурӯъ шуда буд. Дар набарҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон даҳҳо кишварҳо ширкат доштанд. Тайи шаш соли ҷанг беш аз 50 миллион нафар кушта шуданд ва талафоти Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан 27 миллион нафарро ташкил дод.