Кудрин ба истеъмоли машрубот "ташвиқ" кард

Дар Маскав имрӯз вазири молияи Русия Алексей Кудрин гуфт, онҳое, ки машрубот истеъмол мекунанду сигор мекашанд, барои даромади бештари давлат тавассути пардохти молиёти зиёд мусоидат мекунанд. Изҳороти мазкур дар рӯзе садо дод, ки аз имрӯз эътиборан дар Русия бо як амри президент Дмитрий Медведев фурӯши машруботи беш аз 15-дараҷа дар соатҳои миёни 10 шом то 10 субҳ манъ мешавад. Медведев соли гузашта бадмастиро як бадбахтии миллӣ хонда тадбирҳои фаровони зиддимастиро муаррифӣ кард. Интерфакс аз қавли Кудрин имрӯз навишт: “Агар шумо сигори зиёд кашед, пас ба ҳалли масоили фаровони иҷтимоӣ мусоидат мекунед”. Тибқи ҳисобҳо, 65 % мардони рус тамоку мекашанду ба ҳисоби миёна соле як сокини ин кишвар 18 литр машрубот истеъмол мекунад. Дар айни замон, ҳар сол ҳудудан се ҳазор шаҳрванди Русия аз сабаби бадмастӣ ҷони худро аз даст медиҳанд.