Оғози рӯзҳои пуртаҳлука барои "Марко Поло"

Аз 1-уми сентябр барои барраи нодири "Марко Поло", ки дар кӯҳу даштҳои Помири Шарқӣ мечарад, рӯзҳои пуртаҳлука оғоз гардид. Мораторияи дусола ба шикори ин навъи ҷонвари нодир, ки бояд 1-уми январи соли 2011-поён меёфт, пеш аз мӯҳлат ба анҷом расид.
Мудири шӯъбаи олами ҳайвоноти кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Раҷабали Шарипов ба хабарнигори «Озодӣ» гуфт, ки лағви қабл аз мӯҳлати моратория ба шикори барраи нодири "Марко Поло" бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо тақозои мақомоти Вилояти Мухтори Бадахшон ба вуқуъ пайваст.

Афзоиши саршумори "Марко Поло"

Мақомоти Бадахшон ба далели афзоиши саршумори "Марко Поло" ва ниёз ба маблағ барои амалисозии барномаҳои иҷтимоӣ ва экологӣ дар манотиқи баландкуҳӣ вилоят хостори идомаи шикори ин гӯсфанди нодир гардиданд.

Ба гуфтаи сардори идораи ҳифзи муҳити зисти Бадахшон Мурод Мирасанов, дар нақшаи чорабиниҳои иҷтимоии моҳҳои оянда, аллакай истифодаи маблағи даромад аз шикор ба ҳисоб гирифта шудааст.

Вай афзуд, ки бо ин маболиғ сокинони Мурғоб ангиштсанг харид мекунанд, то аз решакан кардани тезкан-намуди паҳншудатарини алафи бисёрсола, ки мардум ба таври фаровон ба ҳайси маводи сӯхт истифода мебаранд , ҷилавгирӣ гардад. Вай гуфт, ки ҳамчунин қисме аз даромад барои кабудизоркунӣ ва гузаронидани чорабиниҳои биотехники ҳифозати ҳайвоноти ваҳшӣ ихтисос дода мешавад.

Масъулини идораи ҳифзи муҳити зисти Бадахшон бар пояи баҳисобгирии ахири саршумори "Марко Поло", ки моҳи декабри соли гузашта бо мусоидати созмонҳои байналмиллаи гузаронида шуд, саршумори "Марко Поло"-ро дар ҳудуи 24 ҳазор сар арёбӣ мекунанд. Ва мегӯянд, ки манъи муваққатии шикор ба ду маротиба зиёдтар шудани саршумори ин гӯсфанди нодир дар минтақа мусоидат кардааст.

Нигарониҳо ҳанӯз вуҷуд дорад

Аммо донишманди Пажуҳишгоҳи биологии Помир Қадамшо Мамадшоев нигарон ҳаст, ки риоят нашудани меъёри шикори "Марко Поло" боз метавонад хатари камшавии саршумори ин ҷонвари нодирро ба дунбол дошта бошад.

Вале Раҷабали Шарипов мегӯяд, ки миқдори муҷаввиз барои шикори "Марко Поло"-ро комиссиюни махсус бо шумули олимони риштаи муҳитзистӣ муаяйн мекунанд. Қабл аз манъи шикор, дар давоми як сол барои шикори 45 сари ин барраи нодир муҷаввиз дода шуд .Шикорчиён барои ҳар сари "Марко Поло" 40 ҳазор сомонӣ пардохт мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияи Мурғоб бар асари сел 8 манзил куллан вайрон шуда, мақомот аз ширкатҳои шикорӣ даъват ба амал оварданд, ки дар сохтмони ин манзилҳо ба офатзадагон кӯмак кунанд.

Ба гуфтаи коршиносон, аз рӯи мақоли «буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу» агарчи бо лағви моратория барои "Марко Поло" рӯзҳои изтиробангез сар шуданд, аммо тарафҳои ба шикори он манфиатдор аз ҳоло пулҳои ояндаи аз шикори он ба даст омадаро ҳисоб мекунанд.

Моратория ба шикори "Марко Поло" бо нигаронии олимон аз камшавии бесобиқаи саршумори ин барраи нодир дар Помири Шарқӣ ва дастури президенти кишвар ба мақсади ҳифозати он эълон шуда буд.