Фаъолони ҳуқуқи башар ва мухолифи давлати Русия имрӯз дар Маскав, Санкт-Петербург ва чандин шаҳри дигар тазоҳуроти беиҷозаи худро ташкил карданд. Хабаргузориҳо мегӯянд, зиёда аз 10 нафар дар чунин раҳпаймоӣ дар Маскав боздошт шудаанд. Раиси зеркумитаи ҳуқуқи башар дар порлумони Иттиҳоди Аврупо боздошти сарвазири собиқи Русия, Борис Немтсовро як нақз ва зӯроварӣ унвон кард. Мухолифон ва ҳомиёни ҳуқуқ тасмим гирифтаанд, ки бо таъкид ба банди 31-и Қонуни асосии Русия, яъне тазмини озодии таҷаммӯъ ҳар рӯзи 31-уми ҳар моҳ тазоҳурот барпо кунанд.