Мақомоти Беларус мегӯянд, ҳамлаварони номаълум ду шишаи оташгирифта ё ба истилоҳ коктейли Молотовро ба ҳавлии сафорати Русия дар Минск партофтаанд. Касе осеб надидааст. Ҳукумати Беларус ин воқеаро ҳамчун як амали авбошона маҳкум кард. Вазорати умури хориҷии Русия ба тақҳиқи комили ҳамла даъват кардааст. Соли 2001 афроди номаълум дар арафаи сафари президенти вақти Русия, Владимир Путин ба Беларус ба ин сафоратхона бомби дастӣ партофта буданд.