Ҷаниш Аҳмадов, як масъули Куммиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон гуфт, то имрӯз Барои ширкат дар интихоботи парлумонии 10 октябр ҳудуди 25 ҳизби сиёсӣ сабти ном шудаанд. Сабти аризаи аҳзоб барои ширкат дар ин маърака имрӯз ба поён расид. Интизор меравад, феҳрасти ниҳоии аҳзобе, ки ба интихобот роҳ ёфтанд, фардо, 31 август эълон шавад. Тибқи Қонуни нави асосии Қирғизистон, ҳизби барандаи интихобот ҳаққи интихоби сарвазир ва ташкили кобинаи вазиронро ба даст хоҳад овард. Парлумони пешини Қирғизистон дар пайи барканории раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев дар моҳи апрел мунҳал шуд.