Ҳалокати 6 нафар дар як тирандозӣ дар Братислава

Бино ба хабарҳо, як марди мусаллаҳ имрӯз дар Братислава, пойтахти Словакия, 6 нафарро кушта ва дастикам 13 тани дигарро захмӣ кард. Наҷотдиҳандагон мегӯянд, бар асари тирандозӣ 2 марду 4 зан кушта шуданд. Пулис, ки маҳалли тирандозиро масдуд кардааст, аз шарҳи қазия худдорӣ мекунад.