Чархаи аввали Қамбар-Ота-2 ба кор даромад

Имрӯз дар Қирғизистон дар ҳузури раиси ин ҷумҳурӣ Роза Отунбоева чархаи аввали нирӯгоҳи дуввуми Қамбар-Ота ба тавлиди нирӯи барқ оғоз кард. Ҳазинаи бунёди Қамбар-Ота-2 ҳудуди 200 миллион доллар ҳисоб шуда, ин нахустин нирӯгоҳ дар Қирғизистон аст, ки баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ бино шудааст. Як бахши тарҳи ин нирӯгоҳ аз сӯи Русия маблағгузорӣ шудааст.
Аммо Узбакистон, ки риштаи кишоварзиаш вобастаи оби рӯдхонаҳои ҷорӣ аз Қирғизистону Тоҷикистон аст, мухолифи бунёди нирӯгоҳҳои бузург дар ин ду кишвар мебошад.