Як ширкати ҷопонӣ ба мумфарш кардани роҳи автомобилгарди Дӯстӣ-Панҷи поён оғоз кардааст. НОшири ин хабар, хабаргузолрии "Авасто" мегӯяд, ҳазинаи бозсохти ин масир, ки моҳи июни соли гузашта шурӯъ шуд, 12 миллион доллар баровард шуда, иҷрои он ба ширкати ҷопонии Nipo Corporation вогузор шудааст. Ҳадаф аз ин тарҳ густариши тиҷорат бо Афғонистон ва истифодаи бештар аз имконоти транзитии он кишвар барои расидан ба бандарҳои Покистону Эрон ном бурда мешавад.