Дар вилояти Синд, воқеъ дар ҷануби Покистон, наҷотбахшон ҳамроҳ бо низомиён талош доранд, ки аз зери об мондани шаҳри Тҳатта ҷилавгирӣ кунанд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, раванди мустаҳкамсозии соҳилҳо идома дорад, даҳҳо ҳазор сокинони шаҳру атрофи он ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд. Амина Бибӣ, як сокини маҳаллӣ мегӯяд: "Мо маҷбур шудем он қадар зуд кӯч бандем, ки ҳатто барои он худ гирифтани сару либос фурсат надоштем. Ман базӯр тавонистам кӯдаконам ва худамро наҷот диҳам. Акнун кӯдакон қариб ки урён мегарданд – яке фақат курта дорад ва дигарӣ - фақат шим. Мо маводи ғазо надорем. Об модагов ва як барзагови моро бо худ бурд".
Аз обхезиҳо дар Покистон беш аз 17 миллион нафар, аз ҷумла, 4 миллион сокинони вилояти Синд осеб дидаанд. Офати табиӣ мунҷар ба ҳалокати беш аз 1500 нафар шудааст.
Аз обхезиҳо дар Покистон беш аз 17 миллион нафар, аз ҷумла, 4 миллион сокинони вилояти Синд осеб дидаанд. Офати табиӣ мунҷар ба ҳалокати беш аз 1500 нафар шудааст.