Дар Ҳонконг ҳазорон нафар дар канори бинои сафорати Филиппин ҷамъ омада, алайҳи амалиёти нокоми наҷоти гаравгонҳо дар шаҳри Манила эътироз карданд.
Расо як ҳафта пеш як корманди собиқи полиси Манила 25 мусофири автобусро, ки аксар сайёҳон аз Ҳонгконг буданд, гаравгон гирифт ва талаб кард, ки ӯро дубора дар мақомаш барқарор кунанд. Дар амалиёти наҷоти гаравгонҳо 8 сайёҳ аз Ҳонгконг ба ҳалокат расиданд. Ҳафт сайёҳи дигар маҷрӯҳ шуданд. Одамрабо Роналдо Мендоза низ аз тири полис кушта шуд.
Эътирозгарони ҳонконгӣ аз ҳукумати Филиппин талаб намуданд, ки ному насаби гунаҳкорони ҳалокати сайёҳонро ошкор намояд.