Имрӯз панҷумин солрӯзи тӯфони мудҳиши Катрина дар Иёлоти Муттаҳида аст, ки бар асари он наздик ба 2 000 нафар кушта ва зиёда аз 1 миллион нафар бехонумон шуданд. Қарор аст, дар расми гиромидошти хотираи қурбониёни тӯфони Катрина, раисиҷумҳурии Амрико, Барак Обама сухан гӯяд. Исқуфи калисои шаҳри Ню Орлинз Грегорӣ Алмонд дар расми дафни рамзии тӯфон дар Луизианна гуфт:
"Имрӯз мо ҳама ҷамъ омадем, ки Катринаро ба хок супорем. Куҷо буд худо дар ин рӯз панҷ сол пеш? Ин ҷо ва бо мо мегирист ва мекӯшид дар авҷи фалокати табиӣ моро тасалло бидиҳад."
Пас аз панҷ сол низ талошҳои бозсозии Ню Орлинз ва деҳоти атрофи он ба кундӣ пеш меравад. Бар замми ин сокинони соҳилҳои ҷанубии Иёлоти Муттаҳида бо фалокати олудагӣ ба нафт аз чоҳи нафти ширкати БП дар халиҷи Мексик рӯбарӯянд.