Бархе аз сокинони бознишаста дар шаҳри Хуҷанд шикоят мекунанд, ки ҳукумат чаҳор сол боз наметавонад сохтмони як бинои истиқоматӣ барои онҳоро ба анҷом расонад.
Баҳринисо Қодирова, сокини 45-солаи Хуҷанд, дар як хонаи якҳуҷрагӣ бо ду келин ва се духтараш ба сар мебарад. Вай гуфт, бо он вуҷуд, ки 28 сол ходими давлат буд ва 4 соли охир дар як идораи давлатӣ фаррош аст, аз набуди манзили зист ранҷ мекашад:
«Нархи хонаҳо қимат, чӣ хел ва бо кадом пул мехаред? Барои хонаводаҳое, ки соҳиби келин ҳастанд, дар хонаҳои як-дуҳуҷрагӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор. Маблағ надорем, ки яктои дигар якҳуҷрагӣ харем. Шавҳарам борҳо ба Русия муҳоҷир шуданд. Аммо панҷ соли пеш бемор шуда баргаштанд».
Баҳринисо умед ба мақомоти Хуҷанд дорад, аммо ҳукумати ин шаҳр 4 сол боз наметавонад як бинои чорошёнаи истиқоматӣ барои мардуми камбизоату нафақахӯр ва иштирокдори Ҷанги бузурги ватаниро ба истифода диҳад.
Масъулин мегӯянд, лоиҳакашии бинои мазкур аз соли 2006 оғоз шуда, сохтмонаш бояд то охири соли 2008 ба охир мерасид.
Масъулин: Барои сохтмон маблағ нест
Карим Маъруфов, аз масъулони сохтмони бино, мегӯяд, сабаби таъхир камбуди маблағ аст. Вай мегӯяд, баъди анҷоми лоиҳакашӣ дар соли 2006 маблагузорӣ ҳам аз сӯи мақомот коҳиш ёфт ва иддае аз кормандони сохтмон тарки кор карданд:
«Як сол пеш бӯҳрони молӣ мегуфтанд. Ҳоло ҳам тавре маблағ ҷудо мекунанд, ки барои доимо кор кардани коргарон намерасад».
Неъмат Юсупов, сардори идораи сохтмони асосӣ дар ҳукумати Хуҷанд, мегӯяд, комбинатҳои хонасозӣ заъф нишон медиҳанд ва дасгоҳҳои бетонбарорӣ нестанд, аз сӯи дигар, бӯҳрони фарогири иқтисодӣ кори сохтмони биноро ба таъхир гузоштааст. Вай афзуд:
«Дар Хуҷанд комбинатҳои хонасозие вуҷуд доштанд, ки зарфияти то 100 ҳазор метри мурабаъ сохта ба истифода донани манзилро доштанд. Аммо баъди пош хӯрдани Шуравӣ аксари таҷҳизот фарсуда шуданд. Фармоиш набуд ва мо ҳам тайи 17 соли охир асосан манзилгоҳ сохта ба истифода надодаем».
Мушкили замин ва манзил
Алиҷон Самадов, як коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, дар сохторҳои тақсими замин ва идораҳои давлатӣ хариду фурӯши замин ба мушоҳида мерасад, ки мардуми қашшоқро аз ин раванд дар канор гузошта, бар сафи мӯҳтоҷони манзил афзудааст.
«Бархе аз ашхоси мансабдор заминро ба як бизнеси шахсии худ табдил додаанд. Онҳо ҳар ҷо қитъаҳои заминро гирифта фундамент карда фурӯхта истодаанд. Ба ин ки назорат мекунад, агар гӯем, ки ҳамаи онҳо як оилаанд, хато намекунем».
Бар пояи маьлумоти расмӣ, ҳоло худуди 4 ҳазор сокини Хуҷанд аз набуди манзили зист ранҷ мекашанд ва ин теъдод барои гирифтани манзили истиқоматӣ дар ҳукумати шаҳр навбат истодаанд.
Коршиносон мегӯянд, адами бунёди биноҳои истиқоматӣ мушкили набуди манзилро бамаротиб афзудааст.