Русия: Насли нави муҳоҷирон рӯ ба донишгоҳҳо меорад

Солҳои ахир тоҷикон дар қаламрави Русия мутташаккилтар шудаанд ва бо гузашти солҳо онҳо таҷриба меандузанд. Онҳо ҷамъиятҳо ташкил мекунанд ва барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар идораҳои мухталифи Русия ё дар назди корфармоён барномаҳое иҷро мекунанд. Яке аз самтҳои фаъолияти онҳо акнун ба ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик ва ё фарзандони онҳо ба таҳсил равона шудааст.
Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург дар ин кор метавонад намуна бошад. Назари Мирзода, раҳбари ҷамъияти тоҷикони ин шаҳр, мегӯяд, онҳо барои дохил кардани ҷавонон ба донишгоҳҳо имсол барномаҳое доштаанд. Дар сӯҳбате аз вай мепурсам, ҷамъияти онҳо дар ин самт чӣ кӯмакҳое ба ҷавонон кардааст?

Иқдоми ҷамъияти тоҷикони Санкт-Петербург

Назари Мирзода гуфт: «Тибқи рӯйхати хадамоти муҳоҷиратии вилояти Ленинград, тақрибан 74 ҳазор нафар тоҷикон дар ин ҷо кору зиндагӣ мекунанд. Аз онҳо тақрибан 7 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Имсол аз рӯи он рӯйхате, ки ба ҷамъияти мо расидааст, аз тарафи падару модарон ё онҳое, ки барои таҳсил аз Тоҷикистон ба ин ҷо омадаанд, бештарашон касоне мебошанд, ки дар мактабҳои Санкт-Петербург ё вилояти Ленинград синфҳои 9 ё 11-ро хатм кардаанд. Аз ин гурӯҳ мо дар соли нави таҳсил ба 25 нафар барои дохил шудан ба ду донишгоҳи Санкт-Петербург кумак кардем. Ба ҷуз аз ин ба коллеҷҳои тиббиву техникиву инженерӣ сафарбар кардем. Аз тарафи ҷамъият ба онҳо кӯмак кардем, ки дохил шаванд. Ба Донишкадаи байнулмилалии иқтисод ва ҳуқуқ 18 нафарро, ки мактабҳои маҳаллиро тамом кардаанд ва онҳое, ки аз худашон барои таҳсил аз Тоҷикистон омадаанд, кӯмак кардем. Ба ректорати ҳамин донишкада аз номи ҷамъият нома навиштем ва ректорат 20 дарсад ҳақи таҳсилро барои онҳо кам кард. Мо ба ин 18 нафар корти 20 дарсадӣ додем, ки донишгоҳ онро эътироф мекунад.

Назари Мирзода, раиси ҷамъияти тоҷикони Санкт-Петербург, мегӯяд, ин созмон ба 25 ҷавони тоҷик барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия кумак кардааст
- Оё ҳамин 20 дарсад коҳиши ҳақи таҳсилро маркази фарҳангии "Сомониён" дар Санкт-Петербург анҷом дод, ё ягон шарту шароите аз ҷониби ҳукумат низ буд?

-Ин шахсан муроҷиати ман ба ректори ҳамин институт буд ва ректорат ин пешниҳодро пазируфт.

- Чанд нафар аз муҳссилин аз ин имтиёз бархӯрдор хоҳанд буд?

- Аз имтиёз 25 нафар бархурдор хоҳанд буд.

- Оё ҳамаи онҳо шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, ё шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳам доранд?

- Аксарияташон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Ҷалби мардикорон ба таҳсил

-Онҳо дар мактабҳои Санкт-Петербург ва вилояи Ленинград таҳсил кардаанд?

-Не, қисми камашон дар мактабҳои ин ҷо таҳсил кардаанд. Аксарият онҳое ҳастанд, ки ҷавонанд ва дар сохтмонҳову дар бозорҳо кор мекарданд. Онҳое, ки лаёқати хондан доранд, ба назди мо омаданд ва мо ба онҳо ҷои хондан пешниҳод кардем ва талош кардем, ки хондани онҳо 20 дарсад арзон шавад. Падару модари баъзеашон омаданд, баъзеашон аз худи Тоҷикистон омадаанд, чунки дар ин ҷо бародаронашон кор мекунанд, хешу табор доранд.

- Оё донишҷӯёне ҳам ҳастанд, ки имсол баъд аз супурдани имтиҳонҳо дар Тоҷикистон ба ин ҷо барои таҳсил омадаанд?


- Як гӯрӯҳи донишҷӯёне ҳастанд, ки аз Тоҷикистон барои хондан дар соҳаи кишоварзӣ омадаанд. Ҳуҷҷатҳояшон то ҳол аз вазорати Тоҷикистон нарасидааст ва каме мушкилӣ доранд. Онҳо аз мо ёрӣ хостанд. Ҳамчунин чанд нафар ба Донишгоҳи ҳунарии Ленинград ба бахши режиссёрӣ ва кино омадаанд. Ҳоло ҳуҷҷатҳои онҳоро қабул накардаанд, зеро онҳо дер карданд. Дар Тоҷикистон онҳо аз чанд имтиҳон гузаштаанд ва баъд аз имтиҳон онҳо аз як-ду конкурси давлатӣ гузаштаанд, ки барои дохил шудан дер шудааст. Ду рӯз пеш бо ректори институт ҳамсӯҳбат шудем ва ӯ хоҳиши моро қабул кард. Онҳое, ки аз тарафи давлат ба хондан меоянд ва давлат пул месупорад, онҳоро ба бахши ғоибона қабул хоҳанд кард ва онҳо баъд аз як сол ба бахши рӯзона мегузаранд. Ин пешниҳодро қабул карданд ва онҳо бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд.

- Албатта, дар он ҷо муҳоҷирони зиёди тоҷик бо хонаводаҳояшон кору зиндагӣ мекунанд. Фарзандони онҳо ҳам ба мактаб мераванд, шароити таҳсил дар соли нав аз солҳои пеш фарқ дорад, мушкиле барои онҳо пеш намеояд?

Мушкилоти таҳсил дар мактабҳои миёна

- Ҳар сол баъзе мушкилиҳо ҳаст, барои он ки бисёри хонаводаҳое, ки ба ин ҷо омадаанд, модарон барои як сол ё се моҳ сабти ном ё иқомат намегиранд. Падаронашон доранд. Модарон надоранд. Ҳамин мушкил ҳаст ва мактабҳо фарзандони чунин оилаҳоро бо мушкилӣ қабул мекунад. Вале имсол баъзе падару модарон ба мо аз ноҳияҳои гуногун муроҷиат карданд ва мо ба кумитаҳои иҷроияи ин ноҳияҳо нома фиристодем ва гуфтем, ки мо дар ҳуҷҷатгузории онҳо кӯмак мекунем ва фарзандони онҳоро ба мактабҳо қабул кунанд.

- Ҳар касе , ки ба мактаб меравад, ба забони русӣ таҳсил мекунад?

- Бале, ҳатто он нафароне, ки омадаанду ду-се сол таҳсил накардаанд, барои онҳо дар шаҳри Санкт-Петербург Хадамоти муҳоҷират мактабе ташкил кардааст. Ин мактаб "Барои муҳоҷирон" ном дорад. Дар ин мактаб фарзандони муҳоҷирон имкон доранд, ки забони русиро омӯзанд ва ба мактабҳои маъмулӣ бираванд. Кӯдакони баъзе муҳоҷирон ҳам аввал дар он ҷо мехонанд ва баъд ба мактабҳо фиристода мешаванд.