Донишманди тоҷик Лариса Додихудоева дар нашри китоби "Таърихи Қазоқистон дар минётурҳои шарқӣ" ба ҳамкасбони қазоқи худ кӯмак расонд. Дар таҳияи ин китоб ҳамчунин олимон аз Бритониё, Фаронса ва Швейтсария ширкат кардаанд. муҳаққиқони қазоқ талош кардаанд, аз минётурҳои Шарқ ба ҳайси далел ва ёдгориҳои таърихи қазоқҳо истифода кунанд. Гуфта мешавад, дар бахши умдаи минётурҳо ҳаёти туркҳои қадим ва ақвоми ориёинажод тасвир шудааст. Муаррифии расмии китоби нави мусаввар дар моҳи сентябр дар Остона баргузор мешавад.