Дар Душанбе шаҳрванди Русия 9 сол маҳкум ба зиндон шуд

Додгоҳи шаҳри Душанбе хабар додааст, ки як шаҳрванди Русия бо номи Аҳмад Султонов-зодаи Доғистон барои таблиғи ақидаҳои тундгароёна ва даъват ба ҷиҳод ба 9 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар айбномаи Султонов омадааст, ки вай узви созмони ифротии "Ҷамоати шариат" аст. Ин ҷамъият ба ҷунбиши Толибон наздик аст. Вай баъд аз машқ дар яке аз урдугоҳҳои вижаи Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон рахна кардааст. "Ҷамоати шариат" созмони махфист, ки дар аввалҳои солҳои 2000 дар қаламрави Русия ташкил шудааст.