Дар Тоҷикистон амалиёти боздошти зиндониёни фирорӣ идома дорад. Дар ин амалиёт воҳидҳои низомии ҳамаи вазоратхонаҳои ниҳодҳои интизомии кишвар, аз ҷумла вазорати дифоъ ширкат доранд. Бино ба хабари як манбаъ дар ин ниҳодҳо, ки аз он хабаргузориҳо ном намебаранд, ҳангоми фирор як корманди амнияти миллӣ кушта, корманди дигари он захмӣ шудааст. Ҳамчунин як афсари корманди зиндон ва се сарбози он кушта шудаанд ва ҷинояткорон баъд аз раҳоӣ аз ҳуҷраҳои зиндон се саоти дигар дар дохили худи зиндон мондаанд ва он гуна, ки ин манбаъ мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд дар ин муддат онҳо дар дохили зиндон корҳоеро барномарезӣ кардаанд ва ё мунтазири ишорае аз берун будаанд.